ХАТАРИ ТЕРРОРИЗМ ВА ЭКСТРЕМИЗМ ДАР ЗАМОНИ МУОСИР

Душанбе, 14-уми июни соли 2018

Дар шароити шиддатёбии ҷаҳонишавӣ ва паҳн гаштани бўҳрони иқтисодиву молиявии умумиҷаҳонӣ экстремизм дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҳам дар тамоми ҷаҳон яке аз падидаҳои хатарнок ба ҳисоб меравад. Мақомотҳои ҳокимияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои пешгирӣ ва андешидани чораҳои муқовимат зидди ин ҳодисаҳои номатлуб пайваста фаъолияти худро фаъол кардааст. Бо ин мақсадҳо мақомотҳои ҳифзи ҳуқуқи Ҷумҳурии Тоҷикистон низ бо падидаҳои экстремистӣ маҷмўъи чорабиниҳоро дар ҳамкорӣ бо мақомотҳои ҳифзи ҳуқуқи давлатҳои аъзои ИДМ гузаронида истодааст. Аз ҷумла, дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти муқовимат зидди экстремизм ва терроризм дар кишвар маҷмўъи чорабиниҳои сиёсӣ-ҳуқуқӣ амалӣ гашта истодаанд, ки дар байни онҳо мавқеъи марказиро амали Консепсияи ягонаи Ҷумҳурии Тоҷикистон доир ба мубориза бар зидди терроризм ва экстремизм (ифротгароӣ) ишғол мекунад, ки бо фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 марти соли 2006, № 1717 тасдиқ шудааст. Муфассал...

ЭҲТИЁТ ШАВЕД! ПЕШНИҲОДИ «ДӮСТӢ», БАҲСҲОИ МАЗҲАБӢ – НИШОНАИ АВВАЛИ ҶАЛБИ ҶАВОНОН БА ГУРӮҲҲОИ ИФРОТГАРО

Душанбе, 7-уми июни соли 2018

Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқот бо кормандони мақомотипрокуратура ва дигар сохторҳои ҳифзи ҳуқуқ таъкид карда буданд, ки муборизаро боҷиноятҳои иттилоотӣ, кибертерроризм ва ҷиноятҳое, ки тавассути шабакаҳои интернетӣсодир мегарданд, ҷоннок намоянд.

Чанд моҳи охир паҳншавии маълумоти дурӯғ ва дастраси дигарон гардидани маълумоти шахсии корбарон дар Facebook ва дигар шабакаҳои иҷтимоӣ ба мавзӯи баҳси сиёсатмадорону таҳлилгарон ва коршиносон табдил ёфтааст. Муфассал...

ИФРОТГАРОИ ВА ТЕРРОРИЗМ-ЗУХУРОТИ НОМАТЛУБИ ЗАМОНИ МУОСИР

Душанбе, 7-уми июни соли 2018

Ҳоло яке аз масъалаҳои муҳим, ки ҷомеаи ҷаҳонӣ ва ҷумҳурии моро низ ба ташвиш овардааст, терроризм ва ифротгароӣ мебошад. Терроризм ва ифротгароӣ яке аз зуҳуроти номатлуб дар замони имрӯза ба шумор меравад, зеро зуҳуроти мазкур боиси ба миён омадани оқибатҳои нохуш - таҳдид ё истифодаи зӯроварӣ, расонидани зарари вазнин, таҷовуз ба ҳаёти арбоби давлатӣ ё ҷамъиятӣ, бенизомӣ, тағйири сохти конститутсионӣ дар мамлакат, ғасби ҳокимият ва аз они худ кардани ваколатҳои он, барангехтани низои миллӣ, иҷтимоӣ ва динӣ мебошад. Муфассал...

ДАР ҶОЕ ИХТИЛОФ ҲАСТ, ҲАЛОВАТИ ЗИНДАГӢ НЕСТ

Душанбе, 31-уми майи соли 2018

Имрӯз дар ҷомеаи муосир ҳар гуна ҳизбу ҳаракатҳое фаъолият карда истодаанд, ки дар байни мусулмонон тафриқа эҷод намуда, боиси парокандагӣ ва қафомондагии мусулмонон, дар натиҷа, сар задани ихтилофоти ҳизбию мазҳабӣ мегарданд. Имрӯзҳо дарди ихтилоф ва тафриқа ҷомеаи мусулмононро фаро гирифта, ки маншаи он амалкарди доиёне аст, ки бо номи ислом мусулмононро ба ҳамдигар душман намуда, бо гумроҳ сохтани ҷавонон аз масири воқеии ақидаи аҳли суннат ва ҷамоат, бахусус таълимоти Паёмбари ислом (с), онҳоро барои мухолифат бо мусулмонон таълими динию мазҳабӣ медиҳанд. Дар ҳаққи чунин «доиён» Расули Худо (с) чунин фармудаанд: «Гурӯҳе аз даъватгарон бар дари ҷаҳаннам меистанд ва пайравонашонро ба дохили он меафкананд» (Ривояти Бухорӣ ва Муслим, 3977). Муфассал...

ЗАБОНҲО

Тоҷикӣ Русский

Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ

ramzi soli_sayohi


Имкониятҳои сайёҳии Тоҷикистон ба ширкатҳои сайёҳии Миср муаррифӣ гардиданд

Дар шаҳри Душанбе бо ибтикори Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон...

Мақолаҳо

Докторантура аз рӯйи ихтисос ҳамчун шакли муосири омодасозии кадрҳои илмию педагогии рақобатпазир

Дар партави татбиқи амалии дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар...


Барномаҳои муштараки таълим ҳамчун абзори байналмилаликунонии таҳсилоти олӣ

Дар чаҳорчӯбаи барномаи аврупоии Erasmus+ ва фаъолияти дафтари миллии Erasmus+ дар Тоҷикистон...


Cамараи ҳамкориҳои байналмилалӣ дар доираи барномаи таълимии аврупоии Еrasmus+

Бо мақсади муаррифӣ кардани имкониятҳои барномаи Erasmus+ ...

 

Истифодаи интернет бо мақсади амалиётҳои террористӣ ва экстремистӣ

Ба номи дини мубини ислом анҷом додани амалҳои террористиву ифротгароӣ...


Чанд сухане атрофи филми “Решаҳои ноаён”

Ахиран дар шабакаҳои телевизионии кишвар филми мустанаде бо номи “Решаҳои ноаён” ба намоиш гузошта шуд...


Бубин, ки аз кӣ буридиву бо кӣ пайвастӣ...

Баъд аз тамошои намоиши “Решаҳои ноаён” ба хулосае омадам,ки ТЭТ ҲНИТ аз замони таъсисёбиаш мақсадҳои ниҳоние дошт...

Ҷустуҷӯ дар сомона