ҲИФЗИ ВАТАН ВАЗИФАИ ИМОНИИ МОСТ!

Душанбе, 10-уми марти соли 2018

Ҳар чизе дар зиндагӣ шукрона мехоҳад, аммо неъмати бузургтарине, ки бақои зиндагии фарзандону наберагони мо ба он вобаста мебошад, неъмати тинҷию сулҳу субот аст. Бинобар ин, тамоми қишри ҷомеа бояд ин гавҳари тинҷию амниятро нигаҳбонӣ кунанд, бетараф набошанд ва ин рисолати муқаддасро танҳо ба уҳдаи кормандони ҳифзи ҳуқуқ вогузор накунанд. Чунки ҳимоят аз Ватан ва ҳифзи амнияти он вазифаи динӣ ва ҷонии ҳар бандаи мӯъмин ва бономус мебошад. Ватандӯстиро аз Пайғамбари Худо (с) бояд омӯхт, вақте ки фармон шуд, то Пайғамбари Худо (с) ба Мадинаи мунаввара ҳиҷрат кунанд, онҲазрат (с) барои тарк кардани ватанаш (Макка) ашк мерехтанд ва қадамҳои худро оҳиста-оҳиста ба сӯи Мадина мегузоштанд, то ин ки ба Ҷуҳфа (мавзеъе миёни Макка ва Мадина) расиданд, чашмони муборакашон пур аз об шуд ва ин ҷумларо аз меҳри ватанаш ба забон овард: «Эй ватани ман, ба зудӣ ба сӯи ту бармегардам». Ин ҷо буд, ки ба Пайғамбари Худо (с) ваҳй нозил шуд ва Худованд ба ҳабиби худ ваъдаи бозгашт ба Ватанашро эълон кард. Чунончи дар сураи «Қасас», ки аз охирин сураҳои маккӣмебошад, ба ҳамин қисса ишора шудааст: Муфассал...

АЗ ХУД ФАРИШТА НАСОЗЕД

Душанбе, 10-уми марти соли 2018

Дар расонаҳои хабарӣ мусоҳибаи узви собиқадори ҲНИТ ва узви Раёсати олии ин ҳизб Муҳаммадсаид Ризоиро хонда ба тааҷҷуб афтодам. Аҷаб суханбофиҳову худсафедкуниҳо. Нафаре собиқаи фаъолияти пешинаи пур аз сӯзу алам ва тираву тори ТЭТ ҲНИТ-ро надонад, шояд ба суханбофиҳое, ки холӣ аз ҳақиқату ростист, пай набарад. Вале ман яқинам, ки ҳар як аҳолии Тоҷикистон аз амалҳои зишти ин гурӯҳ огоҳ буда, ҳеч вақт ба ин суханпардозиҳои пучу хоми ин тоифа бовар намекунанд. Муфассал...

ЯК РӮЗИ БАҲОР — ПУР КУНАД АНБОР

Душанбе, 2-юми марти соли 2018

Дини мубини ислом пайравонашро ҳамеша ба дарёфти ризқу рӯзии ҳалол ташвиқу тарғиб намуда, таъкид ба он менамояд, ки замине, ки Худованд барои бандагонаш ато намудааст, қисмате аз он барои пайдо намудани ризқу рӯзии ҳалол муайян гардидаст, мо онро самаранок истифода барем. Аз ин хотир, ба тибқи анъанаҳои неки аҷдодӣ бо фарорасии фасли баҳор дар сарзамини мо давраи кишту кор ва дигар корҳои ободонӣ, бунёди боғҳо оғоз мегардад. Чуноне ки Худованд дар Қуръони азимушшаъни худ мефармояд: “Ӯ Он (Худой) аст, ки заминро барои шумо ром сохт, дар дар рӯи он роҳ равед ва аз ризқи Худо бихӯред...”. Муфассал...

БАДОМАФТОДАГОН

Душанбе, 2-юми марти соли 2018

Давлатҳои абарқудрати ҷаҳон имрӯзҳо дар саросари олам барои баланд бардоштани иқтисодиёт ва базаи моддиву молии худ, ҷиҳати ба даст овардани захираҳои табии арзон воситаҳои идеологиро васеъ истифода менамоянд. Чунки таблиғоти идеологӣ яъне тафакури идеологӣ яроқест, ки арзиши гарон надошта, воситаи осони дигаргунсозии тафакури инсонҳо мебошад. Онҳо бо ин мақсад маблағҳои зиёде ҷудо намуда гурӯҳхои аз давлаташон норизо, иртиҷоӣ ва ҳатто ифротгароро барои бесубот гардонидани вазъи кишварҳои дар ҳоли рушд сафарбар менамоянд. Дар мавридҳои зиёд, ки имрӯз мушоҳида мекунем, натиҷаи ин кӯшишҳо боиси куштору ғорати мардум, вайрону валангор гардидани шаҳрҳои обод ва овораву саргардон шудани аҳолии бархе аз давлатҳо мегардад. Муфассал...

ЗАБОНҲО

Тоҷикӣ Русский

Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ

ramzi soli_sayohi


Имкониятҳои сайёҳии Тоҷикистон ба ширкатҳои сайёҳии Миср муаррифӣ гардиданд

Дар шаҳри Душанбе бо ибтикори Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон...

Мақолаҳо

Докторантура аз рӯйи ихтисос ҳамчун шакли муосири омодасозии кадрҳои илмию педагогии рақобатпазир

Дар партави татбиқи амалии дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар...


Барномаҳои муштараки таълим ҳамчун абзори байналмилаликунонии таҳсилоти олӣ

Дар чаҳорчӯбаи барномаи аврупоии Erasmus+ ва фаъолияти дафтари миллии Erasmus+ дар Тоҷикистон...


Cамараи ҳамкориҳои байналмилалӣ дар доираи барномаи таълимии аврупоии Еrasmus+

Бо мақсади муаррифӣ кардани имкониятҳои барномаи Erasmus+ ...

 

Истифодаи интернет бо мақсади амалиётҳои террористӣ ва экстремистӣ

Ба номи дини мубини ислом анҷом додани амалҳои террористиву ифротгароӣ...


Чанд сухане атрофи филми “Решаҳои ноаён”

Ахиран дар шабакаҳои телевизионии кишвар филми мустанаде бо номи “Решаҳои ноаён” ба намоиш гузошта шуд...


Бубин, ки аз кӣ буридиву бо кӣ пайвастӣ...

Баъд аз тамошои намоиши “Решаҳои ноаён” ба хулосае омадам,ки ТЭТ ҲНИТ аз замони таъсисёбиаш мақсадҳои ниҳоние дошт...

Ҷустуҷӯ дар сомона