ҲИФЗИ ВАТАН ВА МУБОРИЗА БО ЗУҲУРОТИ НОМАТЛУБ

 

Душанбе, 13-уми апрели соли 2018

Дар соли 2017 таҳдиди хатарҳои глобалӣ ба монади терроризму экстремизм дар гӯшаю канорҳои олам нооромиву низоъҳоро ба миён овард, ки аз таҳдиди он ягон давлати дунё ва насли башарӣ эмин набуд. Имрӯз ҷомеаи ҷаҳонӣ ва сохторҳои байналмилалиро лозим аст, то барои решакан кардан ва аз байн бурдани ин зуҳуроти номатлуб дастаҷамъона мубориза баранд.

Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мубориза бо ин зуҳуроти номатлуб ҳамеша дар сафи пеши мубориза қарор дорад. Ҳамеша Пешвои миллат аз хатарнок будани ин зуҳурот борҳо аз минбарҳои баланд таъкид доштанд, зеро мардуми Тоҷикистон ин воқеаҳои даҳшатборро аз сар гузаронидааст, чунки ин гурӯҳҳо ба ғайр аз хонахароб кардани мардум, азобу шиканҷа ва бадном кардани миллату мазҳаб чизи дигареро ба бор наовардаанд. Муфассал...

ТЕРРОРИЗМ ВА ЭКСРЕМИЗМИ ДИНӢ - МУШКИЛОТИ БАШАРИЯТ ВА ВАБОИ ИСЛОМУ МУСАЛМОНОН

Душанбе, 13-уми апрели соли 2018

Терроризм агарчи истилоҳи куҳан буда ва хислати таърихӣ дорад, вале гурӯҳу созмонҳои террористӣ тайи даҳсолаҳои охир бо нуфузи бештар аз худ дарак дода, барои аҳолии осоиштаи сайёра яке аз мушкилоти глобалӣ ва доғи рӯз ҳисобида мешаванд. Созмонҳои террористии «ал-Қоида» «Толибон» «Ҷабҳат- ан-нусра» яке аз аввалин гурӯҳҳои террористие мебошанд, ки зери ниқоби ислому мусалмонӣ ташкил ёфтанд ва бо чунин иддао сабабгори хунрезиву ҷангу ҷидолҳо гардидаанд. Набояд фаромӯш сохт, ки гурӯҳу созмонҳои ифротгаро зери барномаҳои манфатгароёнаи кишварҳои ғайри мусалмон ташкил ёфтаанд. Вақт нишон дод, ки зери фаъолияти чунин созмонҳои ифротгаро дар баъзе ҳолат ин ё он кишвари мусалмониву аҳолии мусалмондошта низ манфиатҷӯ ҳаст. Муфассал...

БАРДОШТҲО АЗ РАФТИ МИЗИ МУДАВВАРИ «ҶАЛБИ ҶАВОНОН БА КОРҲОИ СОЗАНДАГӢ ВА НАҚШИ ОН ДАР ПЕШГИРИИ ИФРОТГАРОӢ»

Душанбе, 6-уми апрели соли 2018

Кумитаи оид ба корҳои дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар таърихи 15.03.2018 мизи мудаввари «Ҷалби ҷавонон ба корҳои созандагӣ ва нақши он дар пешгирии ифротгароӣ»-ро ҷиҳати ба роҳ мондани корҳои таблиғотӣ бо мақсади ташаккули тафаккури зиддитеррористӣ дар байни аҳолӣ, ҳамчунин Нақшаҳои вобаста ба амалӣ намудани "Стратегияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба муқовимат ба экстремизм ва терроризм барои соҳои 2016-2020" баргузор намуд. Муфассал...

ОМИЛҲОИ ГУСТАРИШИ ФАЪОЛИЯТИ ГУРӮҲҲОИ ИФРОТӢ ВА РОҲҲОИ ПЕШГИРӢ АЗ ОН

Душанбе, 6-уми апрели соли 2018

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ. Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми навбатии худ ба масъалаи таъмини амнияту субот дар кишвар, минтақа ва ҷаҳон дахл намуда, таъкид доштанд: «Тоҷикистон ҳамчун давлати соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд ва дунявию иҷтимоӣ узви ҷомеаи ҷаҳонӣ буда, дар ҷараёни таҳаввулоти босуръати ҷаҳонишавии муносибатҳои иқтисодию иҷтимоӣ ва рушди соҳаҳои гуногуни ҳаёт қарор дорад». Муфассал...

ЗАБОНҲО

Тоҷикӣ Русский

Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ

ramzi soli_sayohi


Имкониятҳои сайёҳии Тоҷикистон ба ширкатҳои сайёҳии Миср муаррифӣ гардиданд

Дар шаҳри Душанбе бо ибтикори Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон...

Мақолаҳо

Докторантура аз рӯйи ихтисос ҳамчун шакли муосири омодасозии кадрҳои илмию педагогии рақобатпазир

Дар партави татбиқи амалии дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар...


Барномаҳои муштараки таълим ҳамчун абзори байналмилаликунонии таҳсилоти олӣ

Дар чаҳорчӯбаи барномаи аврупоии Erasmus+ ва фаъолияти дафтари миллии Erasmus+ дар Тоҷикистон...


Cамараи ҳамкориҳои байналмилалӣ дар доираи барномаи таълимии аврупоии Еrasmus+

Бо мақсади муаррифӣ кардани имкониятҳои барномаи Erasmus+ ...

 

Истифодаи интернет бо мақсади амалиётҳои террористӣ ва экстремистӣ

Ба номи дини мубини ислом анҷом додани амалҳои террористиву ифротгароӣ...


Чанд сухане атрофи филми “Решаҳои ноаён”

Ахиран дар шабакаҳои телевизионии кишвар филми мустанаде бо номи “Решаҳои ноаён” ба намоиш гузошта шуд...


Бубин, ки аз кӣ буридиву бо кӣ пайвастӣ...

Баъд аз тамошои намоиши “Решаҳои ноаён” ба хулосае омадам,ки ТЭТ ҲНИТ аз замони таъсисёбиаш мақсадҳои ниҳоние дошт...

Ҷустуҷӯ дар сомона