ТЭТ ҲНИТ ТАТБИҚГАРИ СИЁСАТИ БАДХОҲОНАИ ҲОКИМИЯТИ СИЁСИИ ЭРОН БАР ЗИДДИ ХАЛҚИ ТОҶИК

Душанбе, 24-уми майи соли 2018

Ташкилоти террористиву экстримистии ҲНИТ имрӯзҳо яке аз овозадортарин масъалаи расонаҳои шабакаҳои интернетӣ ва ВАО гардидааст, ки аъзоёни он рӯз то рӯз ба ҳар роҳу усул мехоҳанд оромӣ, сулҳу субот ва амнияти кишварро халалдор намоянд. Барои расидан ба ҳадафҳои нопоки худ аз дурӯғу тӯҳмат ва дасисаҳо даст намекашанд ва бо ҳар роҳу васила мехоҳанд мардуми тоҷикро бар зидди давлату ҳукумат бархезонанд. Зеро чуноне, ки аз пайомадҳои онҳо бармеояд хоҷагони онҳо талаби ҳарчи зуддтар бар по хезондани мардуми тоҷикро хоҳонанд. Аз ин лиҳоз созмони террористӣ ва экстримистии “Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон” аз пешбурди фаъолияти сиёсӣ берун гашта, бо нашру пахши ҳар гуна муроҷиатномаҳову баёнияҳову изҳороти худ фазои сиёсии кишварро ноором гардонидан мехоҳанд. Аз ин ҳама муроҷиату садобаландкуниҳои аъзоёну пайравони ҲНИТ оҳанги таҳдиду таҳқир садо медиҳад. Муфассал...

ТЭТ ҲНИТ ТАТБИҚГАРИ СИЁСАТИ БАДХОҲОНАИ ҲОКИМИЯТИ СИЁСИИ ЭРОН БАР ЗИДДИ ХАЛҚӢ ТОҶИК.

Душанбе, 22-юми майи соли 2018

Имрӯз проблемаи тероризм ва экстремизм ҷомеаи ҷаҳониро ба ташвиш овардааст. Террорризм ва экстремизм яке аз проблемаҳои глобалӣ буда, ба амнияти кишварҳои зиёди дунё таҳдиди калон доранд. Аз ин лиҳоз, бисёрии мамлакатҳои дунё дарк карда истодаанд, ки барои несту нобуд кардани ин падидаи нопок, боз ҳам ҳамкории пуршиддати онҳо дар сатҳҳои гуногун зарур аст. Яъне давлатҳои дунёро мебояд, ки барои раҳои ёфтан аз ин вабои аср ҳамкориҳои худро боз ҳам қавитар гардонанд. Лекин мутаасифона ҷомеаи ҷаҳонӣ баъзан шоҳиди он гашта истодааст, ки бархе аз кишварҳои мутараққии дунё гурӯҳҳои террористӣ ва экстремистиро ҳамчун воситаи ҳимояи манфиатҳои худ истифода бурда истодаанд. Муфассал...

ҶАНГИ ҲАФТОДУ ДУ МИЛЛАТ ҲАМАРО УЗР БИНЕҲ...

Душанбе, 18-уми майи соли 2018

Ҷанги ҳафтоду ду миллат ҳамаро узр бинеҳ,

Чун надиданд ҳақиқат, раҳи афсона заданд.

Имрӯзҳо дар гӯшаҳои гуногуни сайёра миллионҳо нафар одамон гирифтори хавфу таҳдид ва оташи ҷангу низоъҳо гардидаанд ва зуҳуроти терроризму ифротгароӣ ба хатари бесобиқаи ҷаҳонӣ табдил ёфта, оқибатҳои фоҷеабору дарозмуддати ҷамъиятиву сиёсӣ ва маънавиро ба бор меорад.

Дар зарфи солҳои охир зиёда аз 100 мамлакати дунё ҳадафи амалҳои харобкоронаи террористон қарор гирифта, бар асари ҳамлаҳои террористӣ садҳо ҳазор нафар аҳолии осоишта ба ҳалокат расидаанд ва миллионҳо нафар макону манзили зисташонро тарк кардаанд. Муфассал...

ЧАРО ХОДИМОНИ ДИН ХОМӮШ БУДАНД?

Душанбе, 18-уми майи соли 2018

Аз ёдам ҳеҷ фаромӯш намешавад, солҳое, ки дар кишвари азизамон нобасомониҳо рух дода буд... Он солҳо 14-15 сол доштам, падарам дар қайди ҳаёт набуданд, барои як модари серфарзанд бе падар хӯронидану пӯшонидани фарзандон хеле мушкил буд. Азоби гурснагии зиёд кашидем, чунки дар он солҳо тамоми роҳҳо ба сӯи шаҳри Кӯлоб баста буд. Хушбахтона, ба тақдири неки мардуми Тоҷикистон Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сари ҳокимият омаданд. Бе муболиға, аз рӯзҳои аввалини роҳбариашон аллакай ба хонаи ҳар як сокини кишвар ва аз ҷумла ноҳияҳои минтақаи Кӯлоб маводи хӯрока дастрас гардид. Муфассал...

ЗАБОНҲО

Тоҷикӣ Русский

Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ

ramzi soli_sayohi


Имкониятҳои сайёҳии Тоҷикистон ба ширкатҳои сайёҳии Миср муаррифӣ гардиданд

Дар шаҳри Душанбе бо ибтикори Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон...

Мақолаҳо

Докторантура аз рӯйи ихтисос ҳамчун шакли муосири омодасозии кадрҳои илмию педагогии рақобатпазир

Дар партави татбиқи амалии дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар...


Барномаҳои муштараки таълим ҳамчун абзори байналмилаликунонии таҳсилоти олӣ

Дар чаҳорчӯбаи барномаи аврупоии Erasmus+ ва фаъолияти дафтари миллии Erasmus+ дар Тоҷикистон...


Cамараи ҳамкориҳои байналмилалӣ дар доираи барномаи таълимии аврупоии Еrasmus+

Бо мақсади муаррифӣ кардани имкониятҳои барномаи Erasmus+ ...

 

Истифодаи интернет бо мақсади амалиётҳои террористӣ ва экстремистӣ

Ба номи дини мубини ислом анҷом додани амалҳои террористиву ифротгароӣ...


Чанд сухане атрофи филми “Решаҳои ноаён”

Ахиран дар шабакаҳои телевизионии кишвар филми мустанаде бо номи “Решаҳои ноаён” ба намоиш гузошта шуд...


Бубин, ки аз кӣ буридиву бо кӣ пайвастӣ...

Баъд аз тамошои намоиши “Решаҳои ноаён” ба хулосае омадам,ки ТЭТ ҲНИТ аз замони таъсисёбиаш мақсадҳои ниҳоние дошт...

Ҷустуҷӯ дар сомона