КУРСИ ШИНОСОӢ БО НИЗОМИ ИМТИҲОНҲОИ МАРКАЗОНИДАИ ДОХИЛШАВӢ БА МУАССИСАҲОИ ТАЪЛИМИИ ТАҲСИЛОТИ МИЁНА ВА ОЛИИ КАСБИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
- Просмотров: 656
Душанбе, 18-уми январи соли 2021
Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон (Марказ) дар ҳамкорӣ бо Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон тибқи банди 59-уми “Тартиби гузаронидани имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ ба муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёна ва олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон”, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1-уми марти соли 2018, № 81 тасдиқ шудааст, бо мақсади омода намудани таблиғгарон барои роҳандозии корҳои иттилоърасонӣ дар байни алоқамандони низоми имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ ба муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёна ва олии касбӣ (минбаъд – ИМД) фармоиши директори Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба имзо расида буд. Мувофиқи ин фармоиш бо мақсади омӯзонидани таблиғгарони низоми ИМД ва омодасозии онҳо барои сари вақт шинос намудани ҷомеа, бахусус омӯзгорону хатмкунандагони муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёнаи умумӣ ва ибтидоию миёнаи касбӣ, бо ин низом курси шиносоӣ дар се сатҳ: ҷумҳуриявӣ, шаҳрию ноҳиявӣ ва муассисаҳои таълимӣ ташкилу баргузор мегардад.
Подробнее...
ИМТИҲОНИ ОЗМОИШӢ ДАР МУАССИСАҲОИ ТАЪЛИМИИ МАКТАБ-ИНТЕРНАТҲО БАРОИ ЯТИМОН ВА БЕПАРАСТОРОН
- Просмотров: 1092
Душанбе, 25-уми декабри соли 2020
Бо мақсади фарогирии хатмкунандагони муассисаҳои таълимии мактаб-интернатҳо барои ятимон ва бепарасторон, хонаи бачагон ва мактаб-интернатҳои махсусгардонидашуда ба имтиҳонҳои озмоишӣ тибқи тарҳи нави маҷмӯи фанҳои имтиҳонӣ Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 25-ум то 29-уми декабри соли ҷорӣ дар 9 ноҳияи ҷумҳурӣ барои 418 нафар хатмкунандаи муассисаҳои таълимии таҳсилоти умумӣ имтиҳонҳои мазкур баргузор хоҳад шуд. Подробнее...
ЭЪЛОНИ ОЗМУН БАРОИ ИНТИХОБИ РОҲБАРИ НУҚТАИ БАҚАЙДГИРӢ
- Просмотров: 1776
Душанбе, 25-уми декабри соли 2020
Маркази миллии тестии назди
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
ЭЪЛОНИ
озмун барои интихоби роҳбари нуқтаи бақайдгирӣ
Мансаб: роҳбари нуқтаи бақайдгирӣ (38 ҷой);
Муҳлат: 48 рӯз (аз 1-уми март то 30-юми апрели соли 2021 бо имкони тамдид);
Макони иҷрои вазифа: ш. Душанбе – 6 нафар, ш. Ваҳдат – 1 нафар, ш. Турсунзода – 1 нафар, ш. Ҳисор – 1 нафар, ш. Хуҷанд – 2 нафар, ш. Истаравшан – 1 нафар, ш. Исфара – 1 нафар, ш. Конибодом – 1 нафар, ш. Панҷакент – 1 нафар, ш. Бохтар – 3 нафар, ш. Кӯлоб – 2 нафар, ш. Хоруғ – 1 нафар, н. Рашт – 1 нафар, н. Рӯдакӣ – 1 нафар, н. Ашт – 1 нафар, н. Б. Ғафуров – 1 нафар, н. Деваштич – 1 нафар, н. Спитамен – 1 нафар, н. А. Ҷомӣ – 1 нафар, н. Вахш – 1 нафар, н. Восеъ – 1 нафар, н. Данғара – 1 нафар, н. Ёвон – 1 нафар, н. Панҷ – 1 нафар, н. Фархор – 1 нафар, н. Ҳамадонӣ – 1 нафар, н. Қубодиён – 1 нафар, н. Ҷ. Балхӣ – 1 нафар, н. Шаҳритус – 1 нафар.
Мансаб: роҳбари нуқтаи бақайдгирӣ (2 ҷой);
Муҳлат: 26 рӯз (аз 1-ум то 30-юми апрели соли 2021 бо имкони тамдид);
Макони иҷрои вазифа: н. Айнӣ – 1 нафар, н. Мастчоҳ – 1 нафар.
Подробнее...